Сарвазири Япония ба мардум чӣ ваъда дод?

Сарвазири Япония Ёсихиде Суга ният дорад, ки тобистони соли 2021 бозиҳои олимпӣ ва Паралимпиро ҳамчун рамзи пирӯзии инсоният бар коронавирус дар Токио баргузор кунад. Тавре ТАСС хабар медиҳад, вай ин матлабро рӯзи душанбе дар нахустин суханронии барномавии худ дар парлумон иброз намудааст.
Сарвазир тасдиқ кард, ки аз охири моҳи июни соли равон шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ аз коронавирус дар Япония коҳиш меёбад. «Вале дар айни замон ӯ эътироф кард, ки ин тамоюл суст шудааст ва вазъият пешгӯинашаванда аст. Мо барои пешгирии паҳншавии таркишмонанди уфунат кор хоҳем кард».
Ҳамзамон сарвазир ваъда дод, ки барои эҳёи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар тадбирҳо хоҳад андешид.
«То нимаи аввали соли оянда, — гуфт ӯ, — мо барои тамоми аҳолӣ миқдори зарурии ваксинаро таъмин хоҳем кард, агар ба боэътимодӣ ва самарабахшии онҳо боварӣ ҳосил кунем. Эмгузаронӣ бо ваксина ройгон хоҳад буд. Ба пиронсолон, беморони музмин ва кормандони тиб афзалият дода хоҳад шуд».
Олимпиада дар Токио мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешуд. Бо сабаби пандемияи COVID-19 мусобиқот як сол мавқуф гузошта шуданд ва акнун бояд аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор шаванд. Дар айни ҳол номи Бозиҳои Токио-2020 нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ