КУҲАНСОЛТАРИН ЗАНУ ШАВҲАРИ ДУНЁ

Тибқи фарзияи Китоби рекордҳои Гиннес Хулио Сезар Мора ва завҷаи ӯ Валдрамин Макловия Кинтерос аз Эквадор куҳансолтарин зану шавҳар дар дунё эътироф гардидаанд.
Хулио Сезар 110 сол дорад ва ҳамсараш моҳи октябр 105 — сола мешавад. Онҳо 79 сол аст, ки бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва панҷ фарзандро ба камол расондаанд.
Баъд аз ҳафт соли дӯстӣ ин ҷуфт бо ҳам издивоҷ карданд ва маросими ақди никоҳашон махфӣ сурат гирифт. Бо гузашти айём, издивоҷи муваффақи онҳо боиси оштӣ намудани хешу ақрабои як замон ранҷидаи калонсолашон гашт. Ҳамсарон тамоми умр ба кори омӯзгорӣ машғул буданд. Алҳол бо боғдорӣ сару кор доранд ва ба театру кино мераванду якҷо бо хонаводаву дӯстон хӯрок мехӯранд. Ин ҷуфти куҳансол 11 набера, 21 абера ва 9 чабера доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ