Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд мекунад

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Маросими савгандёдкунии президент — расман ба иҷрои вазифаи президенти Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бино ба маълумоти расонаҳо тадбир дар Қасри миллатбаргузор мешавад.
Ин маросим одатан бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.
Раисҷумҳур ин кишвар дасти рост ба болои Сарқануни Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ