Рӯзи 1 ноябр дар баъзе кӯчаҳои Самарқанд ҳаракати нақлиётҳо қатъ мегардад


Бо фармоиши ҳоким барои гузаронидани ниммарафони «Samarkand Half Marathon» санаи 1-уми ноябр аз соати 07:00 то соати 13:00 дар кӯчаҳои зерин ҳаракати нақлиётҳои муваққатан қатъ мегардад:

  • аз назди растаи нонфурӯшии кӯчаи Регистон то даромадгоҳи кӯчаи Даҳбед;
  • аз буришгоҳи кӯчаи Чорроҳаи Қӯшҳавуз то қисми кӯчаи Ислом Каримов;
  • аз кӯчаи Имом Бухорӣ «бозори Сиёб» то қисми кӯчаи Шоҳи Зинда;
  • дар буришгоҳи кӯчаҳои Имом Бухорӣ ва Мароқанд то чорроҳаи кӯчаи Ибн Сино;
  • аз кӯчаи Воҳид Абдуллоев бо кӯчаи Ибн Сино ва то қисми кӯчаи масҷиди Хоҷаи Хизр;
  • аз кӯчаи Ислом Каримов бо қисми кӯчаҳои масҷиди Хоҷаи Хизр ва Шоҳи Зинда;
  • аз кӯчаи Шоҳи Зинда «бозори Сиёб» то қисми кӯчаи расадхонаи Мирзо Улуғбек.

Хизмати Ахбори ҳокимияти шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ