Белорус ба ғайр аз Россия бо дигарон сарҳадро баст

Белорус бо Литва, Латвия, Полша ва Украина сарҳадҳоро баст ва даромадани шаҳрвандони ин мамлакатҳоро таъқиқ кард. Чунин қарор дар сифати чорабинии мубориза ба зидди пандемияи коронавирус қабул карда шудааст. Дар хабар чунин гуфта мешавад: «Ҷумҳурии Белорус ба туфайли дар мамлакатҳои ҳамсоя рӯй додани вазъияти эпидемикӣ ба ҳудуди худ бо воситаи роҳи хушкӣ даромадани баъзе тоифаҳои шахсони ҷисмонии аз мамлакатҳои Литва, Латвия, Полша ва Украина омадаро муваққатан маҳдуд мекунад.»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ