Шалғам – сабзавоти фоиданок


Дар таркиби ин навъи сабзавот қанд, намакҳои минералӣ, В 1, В 2, В 6, РР, каротин барин витаминҳо, кислотаи пантотен, сафеда, обҳои карбон мавҷуд аст. Инчунин, дар таркиби он калий, калсий, оҳан, фосфор, натрий барин моддаҳо мавҷуд.
Шалғами бо об ҷӯшонидашуда барои шамолхӯрӣ воситаи хубе мебошад. Онро бо гӯшт пухта, хӯранд, гулӯъро мулоим мекунад.
Барги шалғам хусусияти пешобронӣ дорад. Барои ин аз 10 грамм баргашро дар 100 грамм оби ҷӯш дам кардан лозим. Барои омода кардани доруи касбӣ аз шалғам ба болои 2 қошуқи калон шалғами майдакардашуда 1 истакон оби ҷӯш андохта, дар давоми 15 дақиқа ҷӯшондан даркор. Аз он рӯзе ба миқдори чоряк истакон нӯшида истодан лозим. Истеъмоли 1 истакон чунин маҳлул пеш аз хоб вазифаи оромкуниро иҷро менамояд. Бо он даҳонро ғарғара намоянд, дарди гулӯъ, дандонро сабук мекунад. Истеъмоли шалғами пухта ва хом ба чашм фоида, роҳи нафасро беҳ мекунад, ба безобитакарданиҳои дил малҳаби хуб мешавад.Шарбати бо асал омехташудаи шалғам ба сулфа даво аст. Ҳангоми баландравии ҳарорати бадан, ба дард даромадани гулӯъ фоида мекунад. Шавлаи аз шалғам пухташуда дар вақти ҷамъшавии намак дар буғумҳо дардро кам мекунад. Онро ба ҷойи дардкардаистода банданд, кифоя аст. Шалғами пухта ва шарбати он ҳангоми аз шамолхӯрӣ гум кардани овоз, ба астмаи бронхиалӣ, дарди дандон натиҷаи мусбӣ медиҳад. Он таъсири антисептикӣ дорад.
Таҳияи Ҷ.АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ