Сатҳи соҳаи тандурустии Олмон.

Нақл аз шоири тоҷик
Бахтиёр Аминӣ, шоири машҳури ҳойкунависи тоҷик, ки имрӯз дар Олмон зиндагӣ мекунад, дар сафҳаи худ дар Facebook як воқеаи хурдеро аз зиндагии худро ҳикоя кард, ки он метавонад дар чӣ сатҳ будани соҳаи ҳифзи тандурустии ин кишварро нишон диҳад.
“Вақте, ки система кор мекунад…”
Имрӯз аз вазорати тандурустии Олмон зангам заданд.

  • Шумо фалонӣ?
  • Бале, ман, чӣ шуд?
  • Чизе нашуда, чанд савол доштем.
  • Бифармоед.
  • Мо хабардор шудем, ки шумо бо нафари ковиддор (яъне мубталои ковид19) тамос доштаед, оё чунин аст?
  • Оре, комилан дуруст аст. Аммо ман ду бор аз ташхис гузаштам ва ду бор ҳам натиҷа манфӣ буд.
  • Чанд рӯз гузашт аз он тамос?
  • Бештар аз ду ҳафта.
  • Пас хеле хуб, ки гирифтор нашудед. Солим бимонед!
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ