Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди илм то соли 2030» имзо карда шуд

Бо фармон Консепсияи рушди илм то соли 2030 (минбаъд — Консепсия) ва ҳадафҳои мақсадноки Консепсия ва индикаторҳои он тасдиқ карда шуданд.
Ҳадафҳои мақсадноки Консепсия ва ин дикаторҳои он инҳоро дар бар мегиранд:
а) Дар бораи такмили системаи идоракунӣ дар соҳаи илм:
• ҷорӣ намудани системаи рейтинги миллӣ, ки ба арзёбии самаранокии фаъолияти илмӣ ва инноватсионии ташкилотҳои илмӣ нигаронида шудааст;
• рушди шарикии иҷтимоии давлат ва ташкилотҳои илмӣ тавассути рушди системаи худидоракунии соҳаи илм ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи он.
б) Дар бораи такмили низоми маблағгузории илм ва фаъолияти илмӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ:
• ҳиссаи умумии маблағгузории соҳаи илм нисбат ба маҳсулоти умумии дохилӣ то соли 2025 6 маротиба ва то соли 2030 10 маротиба зиёд карда шавад;
• то соли 2025 ҳиссаи маблағгузории бахши хусусӣ барои таҳқиқот ва рушд дар маблағгузории умумии илм аз 8% то 20% ва то 2030 то 30% зиёд карда шавад;
• таъсиси 2 фонди венчурӣ дар соли 2021 ва 10 дар соли 2025 дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ барои маблағгузории инноватсияҳо ва лоиҳаҳои стартап.
в) Тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва муҳандисӣ ва самти онҳо ба фаъолияти илмӣ:
• синну соли миёнаи кормандони илмӣ дар ташкилотҳои илмӣ то соли 2025 ба 45 ва то соли 2030 ба 39 расонида шавад;
• ҳиссаи муҳаққиқони то 39-солаи баландихтисос (номзади фан, фаласафа ва доктори илм) дар шумораи умумии муҳаққиқон то соли 2025 2 маротиба ва то соли 2030 3 маротиба зиёд карда шавад.
г) Дар бораи таъсиси инфрасохтори имрӯза барои рушди илм:
• ҳиссаи хароҷот барои навовариҳои технологии худкор татбиқшаванда дар ҳаҷми умумии хароҷот барои навовариҳои технологӣ дар соҳаи таҳқиқот ва таҷрибавӣ то соли 2025 3,5 маротиба ва то соли 2030 — 9 маротиба зиёд карда шавад;
• соли 2021 шумораи сокинони технопарки инноватсионии «Яшнобод» -ро ба 60 нафар расонад ва дар ин замина намуд ва ҳаҷми маҳсулоти инноватсиониро афзоиш диҳад, инчунин эҷоди зиёда аз 720 ҷойҳои нави кори ҳам ташкил гардад.
• Таъсиси 7 маҷмааи лаборатории имрӯза, бо таҷҳизот мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонии GLP ва GMP.
д) Дар бораи ташаккули муҳити имрӯзаи иттилоотӣ, ки ба рушди илм мусоидат мекунад:
• ташкили портали миллии илмӣ;
• ҷорӣ намудани рейтингҳои олимон, ташкилотҳо, манбаъҳои иттилооти илмӣ ва техникӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ