Дар шаҳри бостонӣ ниммарафони «Samarkand Half Marathon» баргузор мегардад

Имрӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки куратор ва координатори ниммарафон ва журналисту блогерҳо бахшида ба ҷараёнҳои тайёрӣ ба ниммарафони мазкур брифинг ба амал омад. Онро роҳбари Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят Ш.Рӯзиев кушод. Куратор ва координатори марафон М.Сагатов ва Л. Салимбетова доир ба гузаронидани ниммарафон маълумот доданд. Ниммарафон ба тарзи анъанавӣ ва бо мақсади дар Ӯзбекистон тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, ривоҷи туризми варзишӣ, дастгирии бачаҳои ба бемории аутизм мубталошуда гузаронида мешавад. Рӯзи 1-уми ноябр барои варзишгарони касбӣ дар масофаи 21 километр ниммарафони классикӣ баргузор мегардад. Барои иштирокдорони дар Самарқанд набуда давидан дар формати виртуалӣ шуда мегузарад. Ҷараёни ниммарафон дар канали телевизионии «Спорт» намоиш дода мешавад. Дар ниммарафон ҷалб кардани варзишгарони қариб 30 давлати дунё дар назар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ