Алишер Усмонов барои мубориза бо COVID-19 ба Сардиния 500 000 евро хайр кард

Миллиардер Алишер Усмонов ба ҷазираи Сардиния 500 000 евро хайр кард ва онро «саҳми хоксорона» номид, навиштааст rbc.ru
Алишер Усмонов, яке бузургтарин сарамоядори USM Holdings, ки 15,7 миллиард доллар арзиш дорад. Италия ба мақомоти ҷазираи Сардиния 500 000 евро хайр кард, ки бояд ба мубориза бо сирояти коронавирус равона карда шавад, менависад расонаҳои итолиёвӣ.
Рӯзномаи L’Unione Sarda қайд мекунад, ки пулҳои хайркардаи ин соҳибкор аллакай ба хазина ворид шудааст.
Дар навбати худ нашрияи Тискали номаи ба сардори маъмурияти Сардиния Кристиан Солинас фиристодашударо ҳам нашр кард.
«Ман аз шумо ва тамоми мардуми Сардиния миннатдорам, ки дар тӯли 30 сол маро дар ин ҷазираи зебо самимона пешвоз гирифтанд. Саҳми хоксоронаи ман барои онҳое, ки аз пандемия азият мекашанд ва онҳое, ки дар Сардиния зидди он мубориза мебаранд. Ман аз таҳти дил ба ҳукумати Сардиния 500 ҳазор еврои дигар медиҳам, то дар ин кори хайр кумак расонам» гуфта шудааст дар ҳуҷҷат.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ