Тадбиркор ниятҳои калон дорад

Дар ноҳияи Қӯшработ доир ба аҳолии бекори ҳудуд, аз ҷумла, таъмини шуғли зану духтарон ва ҷавонон нақша-­ҷадвали алоҳида таҳия карда шудааст. Дар натиҷаи корҳое, ки дар асоси ин нақша иҷро гардидаанд, шаҳрванд Анвар Холиқов фаъолияти тадбиркории худро ба роҳ монд ва 6 нафар зану духтаронро бо кор таъмин кард.
– Бо мақсади ба роҳ мондани тиҷорати худ тавассути музояда замин харидам, – гуфт А. Холиқов. – Барои дар ин замин бунёд кардани бино тамоми маблағи худро сарф карда, баҳри давом додани фаъолият ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидам. Сипас, бо кӯмаки мутасаддиён аз Хазинаи «Ҷавонон – ояндаи мо» 250 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифтам. Бо ин маб­лағ технологияҳои замонавӣ ва мошинаҳои дӯзандагӣ харидем.
Корхона бо супориши Комбинати маъдану металлургии Навоӣ моҳе то 40 ҳазор дона ниқобҳои махсус истеҳсол мекунад. Тадбиркор ният дорад, ки дар хонаҳои холии бино савдо ва хизматрасонии маиширо ба роҳ монад. Ин лоиҳаҳо барои дар оянда ташкил намудан боз даҳҳо ҷойи нави корӣ мусоидат менамояд.

Б.МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ