Мусиқии оҳангсози Самарқанд дар Хуҷанд садо дод


Рӯзи 29 октябр дар “Маркази Фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон консерти мусиқии фортепиано ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар ҷанги ҷаҳонии дувум барпо шуд. Дар ин тадбир оҳанги Меҳроҷ Мухторов, оҳангсоз ва омӯзгори мактаби ихтисосёфтаи шаҳри Самарқанд низ иҷро шуд.
Дар ин барномаи консертӣ донишомӯзони мактабҳои мусиқӣ бо созҳои фортепиано, скрипка, най, рубоб, гитара оҳангҳо иҷро карданд.
Барномаи консертӣ аз ду қисм иборат буд. Ҳозирон дар қисми аввал оҳангҳу сурудҳое, ки дар васфи ҷанги ҷаҳонии дувум суруда шудааст, шуниданд. Дар қисми дувум, осори оҳангсозони классикӣ ва муосир иҷро шуд. Аз ҷумла, оҳанги “Рӯзи нав”, ки асари Меҳроҷ Мухторов аст, тақдим ба дӯстдорони мусиқӣ гардид.
Шунавандагон аз иҷрои моҳиронаи навозандагону хонандагон як ҷаҳон завқ гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ