Дар Зеландияи Нав ба беморони бедаво ҳуқуқи интихоби маргро медиҳанд


Рӯзи 17 октябр дар Зеландияи Нав ҳамапурсӣ (референдум) дар бораи қонунӣ кардани эвтаназия – ҳуқуқи интихоби марг барои беморони дарди бедаво баргузор шуд. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Бино ба натиҷаҳои муқаддимотӣ, 65,2 дарсади аҳолии Зеландияи Нав барои қабули ин ташаббус овоз доданд. 33,8 дарсади аҳолӣ онро қабул накарданд. Дар умум, 2,4 миллион нафар дар ҳамапурсӣ иштирок карданд.
Гуфта мешавад, ки барои ҷорӣ шудани қонуни “Дар бораи интихоби қатъи зиндагӣ (эвтаназия)” тақрибан 12 моҳ зарур аст. Баъди ба охир расидани ин муҳлат беморон метавонанд ба бемористонҳо дар бораи эвтаназия муроҷиат кунанд.
Ҳамчунин, дар ин ҳамапурсӣ масъалаи қонунӣ кардани марихуана низ ҳалли худро ёфт. Беш аз 50 дарсади аҳолии Зеландияи Нав қонунӣ шудани марихуанаро нахостанд.
Натиҷаҳои расмии ҳамапурсӣ рӯзи 6 ноябр эълон мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ