Олимони Британия: ваксинаҳои насли аввали зидди коронавирус ба ҳама таъсир намекунанд

Ваксинаҳои насли аввали зидди коронавирус метавонанд ба ҳама таъсир накунанд, ноқис бошанд, танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд, вале сироятёбиро пешгирӣ накунанд,- иброз намудааст роҳбари гурӯҳи кории ҳукумати Британия оид ба ваксинаи зидди COVID-19 Кейт Бингэм, хабар медиҳад «РИА Новости».
«Насли нахустини ваксинаҳо эҳтимолан номукаммал хоҳад буд, мо бояд омода бошем, ки онҳо метавонанд сироятёбиро пешгирӣ накунанд, танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд ва ҳатто дар ҳамин ҳол ҳам метавонанд барои ҳама муассир набошанд ё муддати тӯлонӣ кор накунанд», — нашр намудааст суханони Бингэмро маҷаллаи Lancet ва илова кардааст, ки ваксинаи зидди коронавирус таърихи аз ҳама деринтизор аст.
Роҳбари гурӯҳи корӣ инчунин зикр кардааст, ки ҳоло пайдо шудан ё нашудани ваксинаи зидди COVID-19 дар Британияи Кабир маълум нест ва даъват кард, ки аз ҳад зиёд умедвор ва хушбин набошем.
Бингэм дар ин мавод дар бораи дастрасии гурӯҳи кории ҳукумати Британия ба шаш ваксинаи эҳтимолӣ хабар додааст.
Қаблан мушовирони илмии ҳукумат хабар дода буданд, ки коркарди ваксинаро дар Британия аввалҳои соли 2021 интизор доранд. Онҳо ҳатто эҳтимоли шурӯъ шудани эмгузарониро бо ваксина пеш аз мавлуди Исо истисно намекунанд. Тадқиқоти мустақиле, ки мутахассисони Донишгоҳи Бристол гузаронидаанд, бехатарӣ ва самаранокии ваксинаи дар Оксфорд коркардшударо пешакӣ тасдиқ кардаст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ