Ҳукумати Тоҷикистон истеъфо дод


Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 октябр бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар истеъфо дод.
Аммо то ташкил ёфтани ҳукумати нав аъзои ҳукумати феълӣ иҷрои вазифаи худро идома медиҳанд.
Бар асоси фармони Раҳмон, сарвазир ва муовинони ӯ, вазирон, раисҳои кумитаҳои давлатӣ муваққатан фаъолияти худро давом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта, 30 октябр дар Душанбе савганд ёд карда буд.
Ӯ барои 5-умин бор раисҷумҳури Тоҷикистон шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ