Чанд факти ҷолиб дар бораи «Шашмақом» ва сарояндагони он

«Шашмақом» мусиқии суннатии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои бакоррафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз: рубоб, барбат, доира, даф ва танбӯр.
«Шашмақом» аз мақомҳои бузург, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил ёфтааст. «Шашмақом» гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ ёд мешавад.
*
Соли 2003-юм бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
*
Оҳангсозони тоҷик Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Аҳмад Бобоқулов бори нахуст «Шашмақом»-ро ба шакли нота сабт намудаанд.
*
Бухоро ватани «Шашмақом» аст.
*
«Донишномаи «Шашмақом» (зери таҳрири К. Олимов, А. Абдувалиев. Ф. Азизӣ, А. Раҷабов. Н. Ҳакимов.— Душанбе, 2009) бори аввал дар таърихи тамаддуни тоҷик таҳия ва тадвин шудааст. Ин донишнома роҷеъ ба таърих, назария, манобеи хаттии мусиқӣ, чеҳраҳои номвари созу овоз, мусиқидонон, мусаннифон, сарояндагон, навозандагон, нобиғагони мактаби ин ҳунар, равияҳои эҷодию иҷроӣ (шурӯъ аз Борбади Марвазӣ), ки дар ташаккул ва рушди ҳунари волои мусиқии мақомҳо («Шашмақом») нақши муассиру мондагор гузоштаанд, матолиби муҳимро дар бар дорад.
Дар донишнома дар бораи оҳангсозону мақомхонон, ба монанди Бомшод, Борбад, Дарвешалии Чангӣ, Илёси Ноӣ, Кавкабии Бухороӣ, Бобоқул Файзуллоев, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Фазлиддин Шаҳобов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Шариф Бобокалонов, Шоҳназар Соҳибов ва дигарон маълумот оварда шудааст.
*
Бино ба фикри Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Ҳасан Раҷабӣ, мақом мероси бебаҳои маънавӣ аст. Ин санъат тӯли асрҳои тӯлонӣ ривоҷ ёфтааст, ба рушди он санъаткорон ва оҳангсозони зиёде саҳм гузоштаанд. Он нафистарин оҳангҳои зеҳнии инсониро дар бар дорад. Биноан, эҳсосу дарки мақом омодагии муайянеро тақозо мекунад. Барои ин бояд аз ҷавонӣ дар дил меҳри мусиқиро парварид, алифбои ниёгон, забонҳои арабӣ ва форсиро хуб донист. Шунидани мақом ҳанӯз маънои дарки онро надорад…
Мақомро ӯзбекону тоҷикон мақом гӯянд, дар Озарбойҷон номи он «муғом» аст, дар Эрон «нубға» бошад, уйғурон «муқом» гӯянд, ки як маъноро ифода менамояд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ҳар кадом решаи худро дорад. Аммо дар асл решаи оҳангҳои мо яктост, аз як сарчашма об мехӯрад.
*
12-уми май санаи мушаххаси таҷлили ҳарсолаи Рӯзи «Шашмақом» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
*
Дар солҳои 20-уми асри сипаригардида дар Самарқанд Л. Бобохонов, Т.Толмасов барин панҷ-шаш нафар ҳофизони машҳури халқӣ буданд. Вале дар байни онҳо Ҳоҷӣ Абдулазиз мавқеи махсус дошт. Дар атрофи ӯ шогирдони зиёде ҷамъ омада буданд, ки бо дутору танбӯру ғиҷҷак ба сурудхонии устод ҳамовозӣ мекарданд. Онҳо аз ин устоди мусиқӣ мақомҳои классикиро меомӯхтанд. Доир ба ин ҳофизи машҳур ва устоди «Шашмақом» асосгузори адабиёти навини тоҷик Устод Садриддин Айнӣ дар мақолааш «Санъаткори бузург», инчунин дар ҷилди IV «Ёддоштҳо»-и худ таҳти номи «Аввалин мулоқоти ман бо Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ» бо самимият сухан рондааст.
*
«Шашмақом» маънои шаш мақом, яъне шаш оҳангро дорад. Бори нахуст онро соли 1923 оҳангсоз ва мусиқишиноси шӯравӣ Виктор Успенский ба нота даровардааст. Дертар дар Ӯзбекистон ин вазифаи таърихиро ҳофизи халқӣ, оҳангсоз ва мусиқишинос, академик Юнус Раҷабӣ ба дӯш гирифт. Дар Самарқанд бо иштироки шашмақомхонони касбӣ ин мусиқии классикиро ба нота даровард ва китоби ӯ — «Шашмақом» иборат аз шаш ҷилд, рӯйи чопро дид.


Сурудҳои шӯрангези Ҳоҷӣ Абдулазиз дар иҷрои Ҷӯрабек Муродов умри дубора пайдо карданд ва боз ҳам машҳуртару дилфиребтар гардиданд.
Таронаҳои «Шашмақом»-ро Барно Исҳоқова бо завқи саршор ва маҳорати баланди овозхонӣ иҷро кардааст.

Бино ба матолиби Интернет таҳия гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ