Фурӯши ғайриқонунии доруҳо ба маблағи 2 миллиард сӯм қатъ карда шуд

28-уми октябр С.Х. ва А.О. бо ласетти аз Намангон ба Тошканд мерафтанд. Ҳангоми ҳаракат мошин дар назди идораи полиси роҳи Чинор дар ҳузури шоҳидон нигоҳ кунонда, аз назар гузаронида мешавад. Дар вақти санҷиш муайян карда шуд, ки якчанд намуди маводи мухаддир бо арзиши 2 миллиард сӯм ба Тошканд бидуни ягон ҳуҷҷат дар багаҷ ва дохили мошин ҷойгир карда шудааст.

Ҳангоми пурсиш аз боздоштшудагон маълум шуд, ки онҳо маводи мухаддирро бо фармони С.А., соли таваллудаш 1988, сокини Намангон ба Тошканд мебаранд.

Тибқи иттилои хадамоти корҳои дохилӣ дар вилояти Тошканд, айни замон раёсати минтақавии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти иловагӣ гузаронда истодааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ