Мутахассис: Эҳтимоли мавҷи дувуми коронавирус дар Чин хеле кам аст


Чжун Наншан, эпидемиологи барҷастаи Чин эҳтимоли мавҷи дувуми коронавирусро дар кишвараш хеле паст гуфт. Дар ин бора “Интерфакс” хабар дод.
Мутахассис гуфт, “Бо таваҷҷӯҳ ба системаи мубориза бо эпидемия ва чораву тадбирҳои анҷомёфта, метавонам бигӯям, ки дар кишвар рух додани мавҷи дувуми коронавирус хеле кам аст”.
Ба гуфтаи ӯ, чораву тадбирҳои мубориза бо коронавирус дар пешгирии паҳншавии зуком (грипп) низ самар додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ