Навбати карантин ба Англия расид


Дар Британияи Кабир шумори мубталоёни коронавирус беш аз 1 миллион нафар шуд. Акнун аз 5 ноябр дар Англия низ карантин ҷорӣ мегардад ва он то 2 декабр идома меёбад. Дар ин бора Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир хабар дод.
Борис Ҷонсон гуфт, “Вақти ҳаракат омадааст, зеро, роҳи дигаре нест. Аз чорум то оғози декабр шумо бояд дар хона бимонед ва танҳо дар сурати зарурӣ онро тарк кунед”.
Дар дигар кишварҳои подшоҳӣ – Ирландияи Шимолӣ, Уэлс ва Шотландия карантин ҷорӣ нашуд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ бо ҷорӣ кардани як қатор маҳдудият кифоя карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ