Дар Фаронса ба рӯҳонии православӣ ҳамла карданд


Дар шаҳри Лиони Фаронса як марди номаълум рӯҳонии православиро дар назди калисои юнониҳо захмӣ кард.
Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, ҳангоме, ки рӯҳонӣ дари калисоро мебаст, ҷинояткор ба ӯ 2 бор тир холӣ кард. Ҳоло ин ҷинояткорро ҷустуҷӯ мекунанд. Рӯҳонии 52-сола дар бемористон буда, вазъи саломатиаш вазнин аст.
Ҳукумат аз сокинони шаҳр дархост кард, ки ба ҷойи ҳодиса наздик нашаванд. Ин ҳодиса баъди 2 рӯзи ҳамлаи террористӣ дар Нитса, шаҳри дигари Фаронса рух дод. Он рӯз як муҳоҷир аз Тунис се нафарро кушта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ