Дар Тоҷикистон шумори гирифторони коронавирус аз 11 ҳазор нафар афзуд

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар ин кишвар 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ дар Тоҷикистон ба 11017 нафар баробар гардид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ҳамсоякишвар, дар як шабонарӯзи охир 51 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ ба 10233 (92,8%) баробар гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ