Дар бораи ситораи футбол Дэвид Бекхэм филм ба навор мегиранд

Ширкати Netflix дар бораи ситораи футбол Дэвид Бекхэм филм меофарад, ки эҳтимолан на пештар аз сои 2022 рӯи экран мебарояд
Ширкати Netflix аз Дэвид ва Виктория Бекхэм ҳамаи наворҳои хонаводагиашонро бо нархи 16 миллионов фунт стерлинг (наздики 20 миллион доллар), харидорӣ кардааст, хабар медиҳад The Sun.
Ин наворҳо дар филми ҳуҷҷатӣ дар бораи зиндагии футболбози машҳур истифода хоҳад шуд.
Миёни наворҳо сабти рӯзҳои зодрӯзи варзишкор, таҷлили Соли нав ва «рӯзҳои вижа» ва ҳамчунин чанд навор дар бораи вохӯрии Дэвид ва Виктория мебошанд.
Дар филми ҳуҷҷатӣ аксҳои футболбоз низ истифода мешаванд. Тамошобинон филме дар бораи хонаводаи Бекхэм дӯстони собиқаш ва рафиқони машҳураш интизоранд.
Ҳуҷуми хомӯшакҳои вараҷа ба Дэвид Бэкхем. Навор
Намоиши филм на пештар аз соли 2022 сурат мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ