Сухан беҳтар аз гавҳари шоҳвор…

Ёдгоре, ки аз одамизод аст, 
Сухан аст, он дигар ҳама бод аст!

(РӮДАКӢ).

Ҳақ бар ҷониби Одамушшуаро Рӯдакии бузургвор! Ҳазору сад сол қабл ба қудрату нерӯ, шукӯҳу шаҳомат, абадияту ҷовидонии сухан баҳои муносиб дода, минбаъд ба гуфтаҳо чизе афзуданро ба сухандонӣ муҳол гардонд. Лутфу марҳамати Парвардгор ба мардуми форсизабон беҳамтост, зеро вориси чунин адабиёт, таърих, фарҳангу маънавиёти ғанӣ будан ба миллату халқияти ками дунё насиб гардидааст. Бо ибораи шарқшиноси маъруфи олмонӣ Т. Нёлдекс: «… дар олам миллате нест, ки дорои чунин ҳамоса бошад».

Хонандаи закӣ шояд пай бурда бошад, сухан дар бораи шоҳасаре, ки ба таълифи он зиёда аз ҳазор солу ба вафоти офарандааш имсол ҳазор сол пур мешавад, Фирдавсии накӯному  «Шоҳнома»-и безаволи ӯ меравад. 

Фирдавсӣ соли 932 дар деҳаи Божи вилояти Тӯси Эрон дар оилаи давлатманду заминдор ва ашрафзода ба дунё омад. Шароити хуби моддӣ имкон дод, ки ба таҳсили илмҳои гуногуни замон пардозад ва соҳиби маълумоти хубе гардад. Аз «Шоҳнома» пайдост, ки ӯ ғайр аз забони форсии модариаш, аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ огоҳии комил доштааст. Адабиёти форсиву арабӣ, таърих, илоҳиёт, ҳикмат ва амсоли инҳоро хуб медонистааст. Ӯро ба унвони ифтихории «ҳаким» ёд кардан гувоҳи он аст, ки Фирдавсӣ то ба дараҷаи донишманди забардасте расидааст. 

Фирдавсӣ низ чун дигар шоирон ибтидо бо навиштани шеър чун қитъа, рубоӣ, қасида ва ғазал эҷоди худро оғоз намудааст.    

Вай дертар тасмим гирифт, ки бино ба қиссаву достонҳои таърихӣ нақлу ривоятҳои бостон асаре бинвисад. Дар натиҷаи заҳмати 20-сола (975-994) як асари бузургҳаҷму пурарзише арзи вуҷуд кард, ки онро шиносномаи халқҳои  форсигӯ номидан мумкин аст. Вай қариб аз 50 подшоҳӣ иборат аст. 

Дар боло ишора рафт, ки оилаи шоир давлатманду заминдоре буд, шароити хуби моддӣ дошт, вале шоир бо кори эҷодӣ  банд шуд ва натавонист бо кори деҳқониву боғбонӣ машғул шавад. Аз ин рӯ заминҳо бекишт, боғҳо бенигоҳубин  монданд, андозу хироҷҳо афзуд, як қисми замин ба фурӯш рафт, хоҷагидорӣ аз роҳ баромад. Ин ҳолати худро шоир ҳангоми навиштани достони Баҳроми Чӯбина хеле хуб тасвир кардааст. 

(Баҳром дар шерҷанг омада, бар тахти оҷ  нишаста, ба  сар тоҷ ниҳода буд, аммо ношод буду парешонҳол). Байтҳо худ ба худ аз забони шоир берун омаданд, ӯ ба хона баргашта, онҳоро дар поёни қиссаи Баҳром, ҳам дар давоми он навишт.

Он аҳд замоне буд, ки дар саросари Мовароуннаҳру Хуросону Эрон давлати паҳновари Сомониён салтанат дошт. Дар ин қаламрав таваҷҷӯҳ ба гузаштаи пурифтихори халқ бештар буд, даъват ба ягонагии халқу мамлакат зарурати нигоҳ доштани давлати ягонаи мутамаркази форс, ҳимояи ватан аз истилои қувваҳои берунӣ зарурати навиштани як асари калонҳаҷмро тақозо мекард. Бинобар аъёну ашроф, ҳокимон ва амирони қаламрави Сомониён  гирд овардани ахбори бостонро ҷонибдорӣ мекарданд. Фирдавсӣ чун шоири ватандӯст, барои ба манфиати халқ эҷод намудан камар баст, дар ин бора бо дӯстон маслиҳату машварат кард. Барои ба ин мақсад расидан ривоёту ҳикоёти бостонро, ки аз ватандӯстии гузаштагон шаҳодат медоданд, гирд овардану аз мадди назар гузарондан лозим буд. Ба ҳамин тариқ,  Фирдавсӣ шоҳномаҳои мансуру манзум, худойномаҳои паҳлавӣ ва тарҷумаҳои арабии ин асарҳоро барои эҷоди «Шоҳнома» чун сарчашма истифода кард. 

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ. 

Ҳазор байти «Шоҳнома»-и Дақиқиро низ дар асари худ ҷой дод, дар оғози назми «Шоҳнома» аҳволи моддии ӯ каму беш беҳтар буд. Баъдтар вазъи иқтисодии рӯзгори шоир бад шудан гирифт, аз бузургони кишвар ба ҷуз  «аҳсант»-и хушку холӣ чизе нарасид. 

Фирдавсӣ таърихи шоҳаншоҳиро аз замони нахустин подшоҳ Каюмарс ба назм овард. Ба душвориҳои моддӣ эътибор надода, дар байни солҳои 992-994 «Шоҳнома»-ро ба анҷом расонд. Фирдавсии бузург пас аз сарсониву саргардониҳо соли 1020 вафот кард, яъне имсол ба вафоти ин шоири ватандӯст 1000 сол пур мешавад. 

Султон Маҳмуд «Шоҳнома»-ро написандид, гумон надошт, ки кораш натиҷаи акс медиҳад. Кори султонро ҷуз чанд тан аз маддоҳонаш касе ҷонибдорӣ накард. Аз он замон то имрӯз дар байни халқ даҳҳо қиссаву ривоятҳо ба вуҷуд

омаданд, ки аз ҳиммати баланди шоир ва беадолатии султон баҳс карда, некномии яке ва бадномии дувумиро абадӣ гардониданд. Як байт аз қитъаи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар «Баҳористон» омадааст, далели ин гуфта аст:

Бирафт шавкати Маҳмуду дар 

замин намонд,

Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри 

Фирдавсӣ.

Нақле ҳаст, ки Султон Маҳмуд пас аз фурӯ нишастани оташи ғазаби худ ва гузаштани чанд муддат аз кардааш пушаймон шуда, гӯё гуноҳи шоирро бахшида, ба вай шаст ҳазор тангаи тилло мефиристад, таваҷҷӯҳ кунед, ба ҳар як байт – як танга. 

Шоири баор дар ҳолати назъ ҳадяро қабул накард. Ин байтро гуфт ва ҷон ба Офаридгор супурд:

Сухан монад андар ҷаҳон ёдгор,
Сухан беҳтар аз гавҳари шоҳвор.

Шоир дар фарҷоми умр гоҳ-гоҳ шоҳаншоҳи китобҳоро варақ зада, абёте ба он меафзуд, вале аз ин ки на танҳо 35 сол,  балки тамоми умри бобаракату пуршӯри хешро ба назми «Шоҳнома» бахшидааст, ҳеч гоҳ пушаймон нашудааст. Баръакс ифтихор дошта, ки аз назм кохи баланде афрохтааст, ки аз боду борон газанде намеёбад:  

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Паяфкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.  

Иноят ҶӮРАЕВА.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ