Фаронсавиҳо мехоҳанд, ки дар мактабҳо карикатураҳои зиддидинӣ нишон дода шавад


Ба назари 78 дарсади фаронсавиҳо омӯзгорон дар мактабҳо бояд ба донишомӯзон карикатураҳои зиддидинӣ нишон диҳанд ва дар бораи ҳуқуқи баёни озодонаи фикри худ ба онҳо нақл кунанд.
Пажӯҳишгоҳи назари ҷомеъаи Фаронса рӯзи панҷшанбе дар ин бора натиҷаҳои як назарпурсиро эълон кард.
Дар назар пурсӣ беш аз ҳазор нафар фаронсавӣ иштирок карданд. 87 дарсади назаргӯён таъкид карданд, ки яке аз асосҳои ҷумҳурии Фаронса – принсипи дунёвӣ буд имрӯз дар хатар наст.
79 дарсади онҳо гуфтанд, ки исломият имрӯз “ба кишвари онҳо ҷанг эълон кардааст”.
Ба назари онҳо Марин Ле Пен – роҳбари ҷунбиши “Иттиҳоди миллӣ” дар роҳи мубориза бо ин “таҳдид” нисбат ба раисҷумҳур, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии кишвар беҳтар мубориза мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ