Номи 4 нафар номзад дар интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистон маълум шуд


Ба комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон номзадии 4 нафар барои иштирок дар интихоботи раисҷумҳур пешниҳод шуд. Дар ин бора Sputnik хабар дод.
Аз ҷумла, ҳизби “Бутун Киргизистан” номзадии роҳбари худ – Адахан Мадумаровро ба комиссия пешниҳод кард. Ҳамчунин, Арстанбек Абдилдаев, мудири ширкати “Аурдин”, Кубан Чороев, раиси идораи “Эҳёи мероси таърихиву фарҳангӣ” ва Назарбек Нишанов, раиси созмони “Лидер-Антикризис” номзадии худро ба комиссия пешниҳод карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ