Ҳабиб Нурмуҳамедов бори аввал дар рейтинги умумии ҷанговарони UFC мақоми аввалро гирифт

«Меҳнат, умед ба Худо ва сабр — ин се хислат ба ман кӯмак кард, ки муваффақ шавам. Албатта, назорат ва маслиҳати доимии падари ман, ки вақту қуввати зиёдеро барои ман сарф карда буд, — гуфт Нурмуҳамедов дар бораи дастоварди худ.

Ҳабиб Нурмуҳамедов рӯзи 24-уми октябри соли равон бо шикаст додани Ҷастин Гетҷи унвони қаҳрамонии UFC-ро аз худ кард. Пас аз ҷанг Ҳабиб ба таътил баромаданашро эълон кард. Вай тасмими худро бо он шарҳ дод, ки мехост баъд аз марги падараш бештар бо модараш вақт гузаронад.

Дар моҳҳои охир Нурмуҳамедов дар рейтинги умумии UFC дар ҷои дуввум қарор мегирифт. Пас аз мубориза бо Гетҷи, ӯ талаб кард, ки UFC ӯро дар ҷои аввал гузорад.

Дар тӯли фаъолияти худ Нурмуҳамедов 29 ҷангро гузаронидааст ва дар ҳамаи онҳо ғолиб омадааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ