Бемории нави марговар муайян карда шуд

Олимон бемории наверо муайян карданд, ки боиси марг мегардад ва он VEXAS номида шуд. Гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар The New England Journal of Medicine нашр карданд.
Ба гуфтаи коршиносон, патологияе, ки онҳо муайян кардаанд, боиси мутатсияи генетикӣ ва пайдоиши тромбҳо дар бадани инсон мегардад. Аммо, дар 40 фоизи ҳолатҳо, ин беморӣ бо марг хотима меёбад.
Ба беморони гирифтори ин синдром ягон табобат таъсир намерасонад.
Дар ҳоли ҳозир 50 бемори гирифтори ин беморӣ ҳастанд. Аммо, олимон боварӣ доранд, ки шумораи воқеии беморон метавонад аз ин ҳам зиёдтар бошад.
Муҳимтар аз ҳама, боварӣ ба он аст, ки ин беморӣ танҳо дар мардон рух медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ