60 нафар дар натиҷаи заминларза дар Туркия қурбон шуданд


Шумори қурбониёни заминларза дар вилояти Измири Туркия ба 60 нафар расид. Тақрибан 940 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.
Ҳоло 218 нафар дар бемористон муолиҷа мешаванд.
Фахритдин Хӯҷа, вазири тандурустии Туркия гуфт, ки беш аз 2 ҳазор нафар дар харобаҳои 8 бинои истиқоматӣ амалиёти наҷотдиҳиро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки заминларза ба шиддати 6,7 дараҷа дар Туркия рӯзи 30 октябр рух дод. Дар натиҷаи он 20 бинои истиқоматӣ вайрон шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ