Мардум Гурҷистон интихоботи парлумониро «ноодилона» хонда, хостори баргузории дигарбораи интихобот шуданд

Комиссияи интихоботи Гурҷистон эълон кард, ки ҳизби ҳокими «Орзуи Гурҷистон» бо ба даст овардани беш аз 48 дарсади орои интихобкунандагон, барандаи интихоботи парлумонии ин кишвар шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки бархе аҳзоби мухолиф ва ҳамчунин бахши калоне аз мардум ин интихоботро «ноодилона» хонда, хостори баргузории дигарбораи интихобот шуданд.
Ҳазорон нафар аз мардуми Гурҷистон рӯзи якшанбеи 1-уми ноябр дар назди бинои порлумон дар шаҳри Тифлис ҷамъ омада, хостори бекор кардани натиҷаҳои интихобот шуданд.
Интихоботи порлумонии Гурҷистон рӯзи шанбе баргузор шуд ва ҳизби «Ҳаракати ягонаи миллӣ», ки гурӯҳи аслии мухолифон дар ин кишвар аст, тибқи эъломи Комиссияи интихобот, беш аз 27 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.
Ҳизби «Гурҷистон Аврупо», ки раҳбарии онро бархе аз аъзои пешини «Ҳаракати ягонаи миллӣ» дар даст доранд, низ камтар аз чор дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва панҷ ҳизби дигар низ якҷо бо номзадҳои мустақил раъйҳои боқимондаро аз худ карданд.
Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интихоботро «пуррақобат» ва дар маҷмуъ «озодона» хонд, аммо гуфт, шароити баргузории он «чандон олӣ» набуд. Ин ниҳоди байналмилалӣ, ки яке аз нозирони интихоботи Гурҷистон буд, ҳамчунин аз ҷонибдории расонаҳо ва иддаоҳо дар бораи фишор ба раъйдиҳандагон хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, президенти Гурҷистон ба мушорикати зиёди мардум ишора кард ва онро интихоботи «демократӣ» хонд.
Аз 150 курсии порлумон 120 курсӣ барои намояндагони ҳизбҳо ва 30 курсӣ барои намояндагони мустақил ҷудо шудааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ҳизби «Орзуи Гурҷистон», ки тайи ҳашт соли гузашта ҳизби ҳокими ин кишвар будааст, битавонад ҳадди муайяншудаи курсиҳоро барои ташкили ҳукумати якҳизбӣ ба даст оварад ё не.
Михаил Саакашвили, президенти пешини ин кишвар ва аъзои ҳизби Ҳаракати ягонаи миллӣ, ки солҳост дар берун ба сар мебарад, мегӯяд, ки ҳизби ҳоким ба таври густурда дар интихобот «тақаллуб» кардааст. Раҳбари ин ҳизб низ изҳор дошт, ончи баргузор шуд, «интихобот набуд, ҷанг буд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ