Майя Санду президенти нави Молдова мешавад?

Сарвазири собиқи Молдова Майя Санду дар интихоботи президентии ин кишвар пешбар аст ва пас аз коркарди 99,02% протоколҳо аз участкаҳои интихоботӣ 35,42% овозҳоро ба даст овардааст. Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботи Молдава хабар додааст.
Президенти амалкунандаи Молдова Игор Додон бошад, 33,16% овозҳоро ба даст овардааст.
Комиссияи марказии интихоботӣ аллакай ҳамаи протоколҳоро аз қитъаҳои овоздиҳиро коркард кардааст.
Номзади “Ҳизби мо” Ренато Усатии 16,98% ва номзади Шор Виолета Иванов 6,59% овоз гирифтанд. Раиси ҳизби Платформаи “Шаъну шараф” Андрей Настасе 3,25% овозҳо, номзади Ваҳдати миллӣ Октавиан Цику — 2,01%, номзади PLDM Тудор Дели — 1,39%, роҳбари Ҳизби либерал Дорин Чиртоака — 1, 19%.
Интихоботи президентӣ рӯзи якшанбе дар Молдова баргузор шуд, сарвари ҷумҳурӣ барои чор сол интихоб мешавад. Комиссияи марказии интихобот интихоботро баргузоршуда эълон кард, зеро иштироки интихобкунандагон аз ҳадди зарурӣ — 33,33% зиёд шуд.Мувафиқи Конститутсия Молдова минбаъд дар даври дуюми интихобот Санду ва Додон барои курсии президентӣ мубориза хоҳанд бурд, Интихоботи даври дуюм 15 ноябр пешбинӣ шудааст ва коршиносон ғалабаи Сандуро дар ин мубориза иконпазир мешуморанд. Чор сол пеш низ ин ду номазд ба даври дуюми интихобот баромад буданд, аммо онзамон Додон ғалаба карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ