Дар як шаб ду калисои Канада сӯхт

Дар Онтариои Канада дар як шабона ду калисо сӯхта хокистар шуданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки сӯхтори ғайричашмдошт «шубҳанок» аст. Дар ин бора шабакаи телевизионии CBC-и кишвар такя ба маълумоти полис хабар дод.
Тибқи ин гузориш, оташсӯзӣ дар ду калисо дар масофаи начандон дур якбора рух додааст.
Ҳангоми омадани оташнишонҳо бинои калисо комилан оташ гирифтааст.
«Мо ҳанӯз дар оғози тафтишот ҳастем, аз ин рӯ тамоми нусхаро баррасӣ мекунем, аммо аҷиб аст, ки чи тавр ду бинои калисои ба ҳам наздик дар як вақт месӯзанд», — гуфт сухангӯи полиси маҳаллӣ Кевин Хау.
Полис мегӯяд, ки сӯхтор қасдан содир шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ