Арзонтарин оши палавро дар кадом ҳудуд мепазанд?


Кумитаи давлатии омори (статистика) Ӯзбекистон нархи миёнаи оши палавро дар ҳудудҳо маълум кард. Барои муайян кардани нархи миёнаи оши палав аз ҳар минтақа як “маркази ош” интихоб шуд. Яъне, нархи палави ресторану чойхонаҳо ба ҳисоб гирифта нашудааст.
Бино ба маълумоти кумита, арзонтарин палав дар Қорақалпоқистон аст. Нархи палави яккаса дар ин минтақа 13 883 сӯм, килои он 96 831 сӯм аст. Дар Сурхондарё ва Наманган низ нархи оши палав нисбатан арзон ва яксон аст. Дар ин вилоятҳо метавонед бо 14 ҳазор сӯм худро бо палав зиёфат кунед. Килои палав дар ҳар ду минтақа 98 ҳазор сӯмӣ мебошад.
Палави қиматро дар шаҳри Тошканд ва вилояти Бухоро мепазанд. Нархи палав барои як кас дар пойтахт 18 800 ва дар Бухоро 18 667 сӯм аст. Килои ош дар Тошканд 131 600 сӯм ва дар Бухоро 130 669 сӯм мебошад.
Нархи палави яккаса дар Самарқанди 16 667 сӯм ва килои он 116 669 сӯм аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ