Барои вохӯрии ҷамоаи миллии Ӯзбекистон зидди Сурия ва Ироқ 28 футболбоз даъват шуд

Ҷамоаи миллии Ӯзбекистон ба вохӯриҳои зинаи интихоботии муштараки Чемпионати ҷаҳонии соли 2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ҷараёни тайёриро дар асоси нақша мебарад. Дар ин бора АФӮ хабар дод. Аз ин рӯ, барои ҷамоаи миллӣ рӯзҳои 6-18-уми ноябр дар шаҳрҳои Тошканд ва Дубай ҷамъомади машғулоти хонишӣ ташкил мегардад. Сармураббӣ В.Абрамов ба ҷамъомади мазкур 28 нафар футболбозро ҷалб кард. Дар доираи ин ҷамъомад бар зидди ҷамоаҳои миллии Сурия ва Ироқ гузаронидани вохӯриҳои рафиқона дар назар аст. 6-уми ноябр вакилони ҷамоаи миллии мо дар Тошканд ҷамъ мешаванд. Рӯзи 9-уми ноябр ҷамоа ба дубай меравад. Ҷамоаи миллии Ӯзбекистон 12-уми ноябр зидди ҷамоаи миллии Сурия, рӯзи 17-уми ноябр зидди ҷамоаи миллии Ироқ вохӯриҳои рафиқона мегузаронад. Дар байни 28 нафар футболбозони ҷалбгардида аз дарвозабонон А.Неъматов, Ҷ.Илёсов ва аз ҳуҷумгарон Ш.Убайдуллоев, Б.Абдухолиқов ва И. Сергеев ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ