Дар маҷлиси Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ зиёда аз 16 масъалаи рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Дар маҷлиси XXXIII Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ, ки он тариқи онлайн доир гардид.
Дар ҳамоиши онлайнӣ зиёда аз 16 масъалаи мубрами рӯз доир ба вазъи бозори меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои Шӯро доир ба тадбирҳои андешидаи давлатҳои аъзои ИДМ дар давраи пандемияи бемории COVID-19, таҷрибаи татбиқшуда дар самти паст намудани шиддати таъсири пандемияи мазкур ба бозори меҳнат ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ гузориш доданд.
Дар ҷаласаи мазкур ҷараёни омодасозии як силсила лоиҳаҳои санадҳои намунавӣ доир ба меҳнат, меъёрбандии меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон тасмим гирифта шуд, ки давлатҳои аъзои ИДМ дар шароити пандемияи бемории COVID-19 ҳамкории муштаракро ҷиҳати татбиқи чораҳои амалӣ ҷиҳати паст намудани шиддати таъсири пандемияи мазкур ба бозори меҳнат ва вазъи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ бояд вусъат диҳанд.
Дар ҷамъбасти он аъзои Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба макон ва замони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро дар соли 2021 қарори дахлдор қабул намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ