Антитанача дар бадани одами гирифтори коронавирус то чанд муддат боқӣ мемонад?

Олимон дақиқ намуданд, ки антитела дар бадани одами гирифтори коронавирус то чанд муддат боқӣ мемонад. Маҷаллаи Science бар тибқи маълумоти олимон хабар медиҳад, ки муҳлати нигоҳдории антитела дар бадани одам, 5 моҳро дарбар мегирад.
«Чунин давра дар сурате имконпазир аст, ки агар шахс ба беморӣ дар шакли сабук ё мӯътадил гирифтор шуда бошад. Антителаҳо метавонанд аз сирояти дубора бо коронавирус муҳофизат кунанд ё дар сурати дубора гирифтор шудан, ҷараёни он сабуктар мегузарад», — таъкид мешавад дар хабар.
Олимон ба чунин хулоса пас аз як таҳқиқот расиданд, ки дар кори он беш аз 30 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ