Абдулло Арипов дар Тошканд бо намояндагони Қазоқистон мулоқот кард


Рӯз 2 ноябр Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон бо намояндагони Қазоқистон, ки таҳти роҳбарии Роман Скляр, муовини сарвазири ин кишвар ташриф оварданд, мулоқот кард.
Бино ба хабари ӮзА, дар ин мулоқот вазъияти имрӯза ва ояндаи созишномаҳои дар сатҳи олӣ имзошуда баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, тарафҳо дар бораи иҷрои лоиҳаҳои нави ҳамсоядӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тиббиёт, ҳамлу нақл табодули афкор карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ