Ҳамлаи террористӣ дар Вена: 2 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд


Шоми 2 ноябр як гурӯҳи номаълум дар шаш маҳалли Вена, пойтахти Австрия ба одамон ҳамла карданд. Дар натиҷа 2 нафар кушта шуданд, яке дар ҷойи ҳодиса, дувумӣ дар бемористон. Ҳамчунин, 15 нафар захмҳои гуногун бардоштанд. Як нафар аз ҳамлакунандагонро кормандони пулис дар ҷойи ҳодиса куштанд. Ҳукумат ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ эътироф карданд.
Ҳанӯз сабаби ҳамла ва шахсияти ҷинояткорон маълум нест. Ҳукумат ҷузъиёти ин ҳодисаро ошкор накард, чун, амалиёти боздошти ҷинояткорон идома дорад.
Яке аз ҳамлаҳо дар назди ибодатхонаи яҳудиён дар кӯчаи Сайтенштеттенгассе анҷом ёфт. Ба ҳамин далел, дар хабарҳои нахустин гуфта шуд, ки маҳз ибодатхона нишони ҳамла буд. Аммо ин ҳанӯз ба сурати расмӣ тасдиқ нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ