Дар Ӯзбекистон боз як институти илмӣ таъсис ёфт


Бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар пояи Академияи улум Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқ таъсис ёфт. Дар ин бора канали телеграмии «Ҳуқуқий ахборот» хабар дод.
Бино ба қарор, ин пажӯҳишгоҳ мақоми муассисаи давлатӣ дорад.
Вазифаҳои асосии пажӯҳишгоҳ барои ислоҳоти ҳуқуқие, ки дар соҳаҳои бунёди ҷамъият ва давлат, суд-ҳуқуқ ва иқтисодӣ-иҷтимоӣ амалӣ мешаванд, пешниҳоди ёрии мутахассисон мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ