Дар Ӯзбекистон унвони нави ифтихорӣ таъсис меёбад


Дар Ӯзбекистон унвони нави ифтихории “Геологи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (Ўзбекистон Республикасида хизмат кўрсатган геолог) таъсис меёбад.
Ин масъала рӯзи 2 ноябри соли ҷорӣ дар ҷамъомади фраксияи Ҳизби экологӣ баррасӣ шуд.
Бино ба хабари сайти порлумони кишвар, дар маҷлис лоиҳаи қонунҳои навро баррасӣ карданд.
Аъзои фраксия дар мавриди таъсиси унвони “Геологи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” эътибори махсус доданд. Онҳо бовар доранд, ки ин унвон барои рушди соҳаи заминшиносӣ (геология) ва омода кардани кадрҳои босалоҳият муҳим аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ