Канада дар 3 соли оянда беш аз 1,2 миллион нафар муҳоҷир қабул мекунад


Ҳукумати Канада мехоҳад дар солҳои 2021-2023 беш аз 1,2 миллион нафар муҳоҷирро қабул кунад. Марко Мендичино, вазири масъалаҳои муҳоҷират, паноҳҷӯён ва шаҳрвандии Канада барномаи сесолаи ҳукуматро дар ин бора тақдим кард.
Ба гуфтаи Мендичино, мақсад аз ҷалби муҳоҷирон пур кардани ҷойҳои холии бозори кор ва барқарор кардани иқтисоди зарардидаи Канада аз пандемия мебошад.
Бино ба ин барнома, Канада соли оянда 401 ҳазор нафар, соли 2022 – 411 ҳазор нафар ва соли 2023 – 421 ҳазор нафар муҳоҷир қабул мекунад.
Дар барномаи қаблии муҳоҷиатии ҳукумати Канада шумори муҳоҷирони қабулшаванда дар умум 150 ҳазор нафар камтар буд.
Мендичино таъкид мекунад, ки муҳоҷират калиди барқарор шудани иқтисод дар муддати кӯтоҳ ва рушди дарозмуддати он мебошад.
Ӯ афзуд, ки дар даври пандемия муҳоҷирон бо фаъолияти худ дар бемористонҳо ва хонаҳои пиронсолон нақши муҳим бозиданд. Ҳамчунин, аз се як қисми тадбирокорони Канада муҳоҷир ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ