Имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ зодрӯз дорад

Фарзона (Иноят Юнусовна Хоҷаева) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи омӯзгорон таваллуд шудааст. ва чанде дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолият доштааст. Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфта, аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи «Хуҷанд» фаъолият бурдааст. Ҳоло мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Паёми Суғд» аст.

Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар авроқи васоити ахбори умумиҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, монанди «Риштаборон» (1983), «Барги сабз» (1987) ва ғ. ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Тулӯи хандарез» (1987) буда, дар аввалсухани он устоди бузурги шеъри форсӣ Лоиқ Шералӣ фотиҳаи сафеде ба қаламкаши навсафар додааст, ки фоли неке буданашро зиндагӣ собит намуд. Китоби дувуми сарводааш «Шабохуни барқ» (1989) аст, ки ба арсаи фарохи адабиёти форсии тоҷикӣ вуруд омадани суханвари соҳибзавқу соҳибқариҳа ва ҳунарманду тавонои дигареро башорат дод. Соли 1991 нашриёти «Советский Адиб» (Маскав) гулчини ашъори ба русӣ тарҷумашудааш «Двадцать лепестков»-ро ба чоп расонда, шинохту шӯҳраташро дар қаламрави шӯравӣ вусъат бахшид. Баъдан китоби дигараш «Ояти ишқ» (1994) манзуру мақбули ҳамагон гардид. Соле пас китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи Фарзона дар Теҳрон ба чоп расид. Ҳамчунин, соли 1996, гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ «Паёми ниёкон» аз ҷониби Интишороти «Сурӯш» (дар Ҷумҳурии Исломии Эрон) интищор ёфт. Соли 1998 дар Тоҷикистон маҷмӯаи ашъори Фарзона «То бекаронаҳо», соли 2000 маҷмӯаи дигараш «Меъроҷи шабнам» ва соли 2001 гулчини ашъори ӯ чоп шудаанд. Силсилаи шеърҳои ӯ дар чандин мамлакати олам, аз ҷумла, дар ИМА, Инглистон, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва аксари ҷамоҳири шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаи навбатии ашъори шоира «Булбуле дар қафаси синаи ман» соли 2010 дар Финлонд ба забонҳои русию инглисӣ дастраси хонандагони хориҷии ӯ гардидааст. Ашъори Фарзона, ки баёнгари розу ниёзи одӣ ва армони олии инсони фардостанд, зуд ба гӯши дили мустамиъон расида, садояш ҳамеша дунболи касе меравад, ки аз бекарона меояд ва буданаш ба дунё муҳтавои тоза мебахшад, яъне, ба ҷустуҷӯи Инсони Комил, ки маҷмӯаҳои «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Мӯҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Белорус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Инглистон, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014) ва ғ. гувоҳи даъвостанд. Силсилаи навиштаҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда ва маҷмӯаи хотироту мақолаҳои ӯ «Дарёи сӯзон» (2014) дарак аз вусъати назар ва жарфандешиҳои саррофи сухан медиҳанд. Шоира, бар замми фаъолияти босамари эҷодӣ, дар тарбияи шоирони ҷавон ва нақду баррасии осори ниёкону ҳамзамонон пайваста саҳмгузорӣ мекунад. Котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бо- боҷон Ғафуров аст. Силсилаи таронаҳояш дар маҷаллаҳои «Дружба народов» (Москва), «Пар» (Лос Анҷелос), «Шеър», «Кайҳони фарҳангӣ»(Теҳрон), «Паёми Ироқ» (Бағдод) ва маҷмӯаҳои ҳамагонии «Молодая гвардия»,(Москва, 1987), «Истоки» (Москва, 1989) ва ҳамчунин дар ҷаридаҳои адабии Америка, Париж ва Ҳуланд чоп шудаанд.

Китобҳои нашршуда
Тулӯъи хандарез. — Душанбе:Адиб,1989,
Двацать лепестков. — Москва:Советский Адиб,1990,
Паёми ниёгон. — — Теҳрон:Суруш, 1996,
Шабохуни барқ. — Душанбе:Адиб, 1989.- 108 с.
Ояти ишқ:Шеърҳо. — Душанбе:Адиб, 1994.- 176 с.
Паёми ниёгон. — — Теҳрон:Суруш, 1996,
Меъроҷи шабнам:Шеърҳо. — Душанбе: Адиб, 2000.- 208 с.
Мӯҳри гули мино. — Хуҷанд:Ношир, 2006.-400 с.
Саду як ғазал. — Душанбе:Ирфон, 2011.- 104 с.
Себарга. — Хуҷанд:Ношир, 2011.- 400 с.
Парниёни ҷон. — Душанбе:Маориф ва фарҳанг, 2011.- 212 с.
Набзи борон. — Теҳрон, 2013,
Ҳама гул, ҳама тарона. — Хуҷанд:Ношир, 2014.

Ҷоизаву унвонҳо
Дорандаи унвони олии «Шоири халқи Тоҷикистон»,
Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995)
Ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995),
Ҷоизадори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008).
Дорандаи ордени «Шараф» мебошад.

Ду шеър аз Фарзона

Дар сӯгвории модар…
~~~~~~~
Эй модар, эй асосгузори муҳаббатам,
Эй офтоби лутфаму дарёи раҳматам.
Олуда чун заминаму полуда чун само,
Дурӣ дигар, хуҷастасафири бароатам.
Ғоиб зи дидаи ману ҳозир даруни дил,
Ёди азизро бифиристӣ ба сӯҳбатам.
Ойинаи Худойнамоям рухи ту буд,
Эй ишқи ростинаму асли ҳақиқатам.
Дар ҳоли назъ будиву гуфтам: Чӣ гунаӣ,
Гуфтӣ, ки “нағз”, дардкаши бешикоятам.
Ҷуз дӯст доштан ба ту коре накардаам,
Розӣ бишав, ки пеши ту нокардахидматам.
Аз кори модарӣ нашавӣ ҳеҷ барканор
Он сӯ ҳам, эй паёмрасони саодатам.
Инак, ҳамин се гул, ки нишондӣ, нишони туст,
Ҳаргиз магӯ, ки гумшудаи беидоматам.
На, на , на модари се нафар, модари башар Хонам туро, фариштаи фаррухрисолатам. Ҳам ховарифарангиӣ, ҳам тоҷики асил, Хуршедмазҳаби ману дарётариқатам. Ишқ омаду ба ҳадя биёвард номи нав, Эй ном дода, номи накӯи Иноятам.
Хуш бош дар ҳарими Худо, дар биҳишти унс,
Ҳурии паркашида ба гулгашти ҷаннатам.

ҲУҶҶАТИ МАВЛУД
Ҳалқа занад қатраи борон дар об,
Мо ҳама хобем, фақат хоб, хоб.
Панҷараҳо баставу як панҷара
Чашм кушояд ба раҳи офтоб.
Гарчи равонем адам бар адам,
Гул бинишонем қадам бар қадам.
Маргу ҳаётанд ду тан бар ба бар,
Ҷуфти ҳамоғўши камар дар камар.
Мо ҳама хатхону вале нестем
Аз хати пешонии худ бохабар.
Гарчи равонем адам бар адам,
Гул бинишонем қадам бар қадам
Ишқ, ба ту такя кунад буди ман,
Хотираҳои шафақандуди ман.
Рафтаи ояндатарини манӣ,
Чунки туӣ ҳуҷҷати мавлуди ман.
Гарчи равонем адам бар адам,
Гул бинишонем қадам бар қадам.
Шаб шуду он себи тило канда шуд,
Оина бишкасту пароканда шуд.
Қалби ман афтоду ту бардоштӣ,
Бори дигар зиндаву фархунда шуд.
Гарчи равонем адам бар адам,
Гул бинишонем қадам бар қадам.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ