Ҳукумати Австрия: Ҳамлаи террористиро тарафдорони “Давлати исломӣ” анҷом доданд


Ҳамлаи террористӣ дар Австрияро тарафдорони “Давлати исломӣ” анҷом доданд. Дар ин бора ҳукумати Австрия хабар дод.
Шумори қурбониёни ин ҳодиса ба 4 нафар расид, ду мард ва ду зан. 15 нафар захмӣ шуданд.
Яке аз ҳамлакунандагон аз тири кормандони пулис кушта шуд. Ҷустуҷӯи дувумин ҷинояткор идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта нафарони номаълум якбора дар 6 маҳалли шаҳри Вена, аз ҷумла, дар наздикии ибодатхонаи яҳудиён ба раҳгузарон ҳамла карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ