Бинои замонавии Маркази хизматҳои давлатии Ҷомбойба истифода супорида шуд

Акнун аҳолии ноҳияи Ҷомбой, ки беш аз 175 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, дар бинои маркази инноватсионии дорои тамоми шароитҳо, аз хидматҳои қулаю шаффоф баҳраманд мешаванд.

  • Чанд сол пеш барои иҷрои корҳои ночизе рӯзҳои дароз дар назди дари идораҳои давлатӣ менишастем, — мегӯяд собиқадори меҳнат Т. Воҳидов — Ман сарсониҳоеро, ки боре барои дуруст намудани ҳуҷҷатҳои хонаам карда будам, ҳоло ба ёд орданро ҳам намехоҳам. Акнун чунин саргардониҳо нест. Бигзор чунин ташаббусҳои хуб бештар шаванд.
    Бинои нави марказ дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ сохта шуда, бо навтарин технологияҳои ахборӣ, аз ҷумла системаи навбатдории электронӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар марказ шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, касса, нотариус, хонаи инвесторҳо ва Қабулхонаи сарвазир ҷойгир карда шудааст.
    Бояд гуфт, ки тӯли 10 моҳи сипаришудаи соли 2020 тавассути Маркази хизматрасонии давлатии ноҳияи Ҷомбой дар маҷмӯъ 24177 хидмати давлатӣ расонида шудааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ