Миллиардерҳои Русия аз аввали сол 27,6 миллиард долларро аз даст доданд

Сарватмандони Русия дар соли 2020 дар маҷмӯъ 27,6 миллиард долларро аз даст додаанд. Аз ҳама бештар яке аз миллиардерҳои Лукойл — Вагит Алекперов зарар дид. Тибқи маълумоти Bloomberg Billionaires Index (BBI) РИА Новости хабар медиҳад, ки сарвати ӯ ба 8,5 миллиард доллар коҳиш ёфт.
Рейтинги BBI дар маҷмӯъ 500 нафар сарватмандтарин одамони оламро дар бар мегирад. Дар байни онҳо 24 нафар русҳо ҳастанд.
Владимир Патанин, яке аз соҳибони асосии Nornickel, 3,25 миллиард долларро аз даст додааст. Сарвати ӯ ба 24,8 миллиард доллар коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, вай бойтарин одами Русия дар рӯйхати BBI боқӣ мемонад.
Дар ҷои дуввум Владимир Лисин мебошад. Сарвати ӯ 456 миллион доллар коҳиш ёфта, ба 20,9 миллиард доллар расид. Ҷойи сеюм аз даст додани сарват насиби соҳиби асосии «Северстал» Алексей Мордашов гардид. Сарвати ӯ 1,21 миллиард доллар коҳиш ёфта, ба 18,7 миллиард доллар расид.
Алишер Усмонов (Металлоинвест, Мегафон) ва Роман Абрамович (Евраз) панҷум ва шашумин сарватмандтарин русҳо мебошанд. Сармояи онҳо 18,3 миллиард ва 15,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ