Тоҷикистон сарҳади худро ба донишҷӯёни ӯзбекистонӣ боз кард


Ҳукумати Тоҷикистон ба донишҷӯёни ӯзбекистонӣ иҷозат дод, ки аз тарииқи гузаргоҳи Сариосиё вориди ин кишвар шаванд. Дар ин бора маркази матбуотии ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё хабар дод.
Аз 3 ноябр ҳамарӯза то 50 нафар донишҷӯи ӯзбекистонӣ метавонанд аз тариқи Сариосиё барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон раванд. Ҳоло дар бораи боз шудани дигар гузаргоҳҳо барои донишҷӯён маълумот дар даст нест.
Донишҷӯён барои гузаштан аз сарҳад бояд нусхаи шиноснома, гувоҳномаи донишҷӯӣ ва тести манфии коронавирусро ба масъулони гузаргоҳ тақдим кунанд. Тести манфии коронавирус бояд дар 3 рӯзи охир гирифта шуда бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ