Пахтакорони Самарқанд нақшаро барзиёд иҷро карданд

Пахтакорони вилоятамон соли равон дар 75,6 ҳазор гектар замин навъҳои серҳосил ва ба обу ҳавои маҳаллӣ мувофиқи ниҳолҳои пахтаро парвариш карданд. Ҳоло навъҳои серҳосил, ба касалиҳо тобовари растании пахтаро, ки аз ҷониби олим-­селексионерон бунёд гардиданд, интихоб карда, парвариш мекунанд.
Хурсандиовар аст, ки дар ҷамъоварии пахта татбиқи сохтори кластерӣ низ ба зиёдшавии ҳосилдорӣ оварда расонд. Ба туфайли ин сохтор корҳо бобати мубориза бар зидди зараркунандаҳо, босифат гузаронидани тадбирҳои агротехникии саривақтӣ амалӣ гардид. Ба муддатҳои коркард риоя карда шуд. Сари вақт пардохт гардидани ҳаққи меҳнат барои зудтар бунёд кардани хирмани калон нақш бозид. Соли ҷорӣ дар ҷамъоварии пахта 139500 нафар чинакчӣ ва 49 адад мошини пахтачин иштирок кард. Асосиаш беш аз 90 дарсади ҳосил ба навъҳои баланд фурӯхта шуд.
Дуруст ба кор мондани 9 кластери пахтарасонии вилоят омили муваффақият гардид. Хусусан, кластерҳои «Пахтачи кластер», «Ziyovuddin Textil», «Amina gold invest», «Kattakurgan cluster» ва дигар коргоҳҳо ҳосили баланд расонданд.
– Даҳ сол ин ҷониб дар пахтачинӣ иштирок мекунам, – гуфт сокини маҳаллаи Бобури ноҳияи Оқдарё Малика Турсунова. – Бо аҳли оилаамон ба пахтачинӣ баромада, рӯзе то 300–400 килограмм пахта чидем. Дар се ҳафта зиёда аз 20 миллион сӯм даромад гирифтем.
Дар бунёди хирмани вилоят ҳиссаи ноҳияҳои Каттақӯрғон, Пахтачӣ, Иштихон калон шуд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ