Бренди нави Самарқанд – «Samarkand Half Marathon»

Рӯзи 1-уми ноябр дар шаҳри Самарқанд яке аз муҳимтарин ниммарафонҳои сол баргузор гардид, ки дар он наздик ба 3000 варзишгари 35 давлат иштирок карданд. Он дар ду намуд: онлайн ва офлайн гузаронида шуд.
Ниммарафони Самарқанд аз ҷониби Фонди рушди маданият ва санъати назди Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд дуввумин бор ташкил карда шуд.
Дар аввали тадбир ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ Азиз Абдуҳакимов ва ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов суханронӣ карданд.
Ҳокими вилоят таъкид кард, ки Samarkand Half Marathon яке аз муҳимтарин марафонҳои соли 2020 буда, хуб мешуд, ки дар даври пандемияи коронавирус ҳама шаҳрвандони Ӯзбекистон барои саломатии худ бо спорт машғул бошанд. Сипас, мадҳияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон садо дод ва дар соати 9:00 ба марафон старт дода шуд.
Варзишгарони касбӣ ва ҳавасмандони вилоятҳо ва хориҷӣ ба масофаи 21 километр давиданро шурӯъ карданд. Онҳо аз майдони Регистон бо кӯчаҳои асосии Самарқанд аз назди қадамҷойҳои муқаддас аз қабили Бибихоним, Афросиёб, Ҳазрати Хизр, Хоҷа Дониёл, Расадхонаи Улуғбек ва Шоҳи Зинда гузаштанд.
10 нафар марафончиёни беҳтарин (5 духтар ва 5 писар) мукофотҳои пулии зерин:
Ҷои 1-ум Ҳамидова Ситора (Сурхондарё) ва Петров Андрей (Тошкент) – 12 миллион сӯмӣ;
Ҷои 2-юм Хмелевская Марина ва Давлатов Шохрух – 10 миллион сӯмӣ;
Ҷои 3-юм Тунгускова Екатерина ва Тошқуватов Отабек – 8 миллион сӯмӣ;
Ҷои 4-ум Қурбонова Ситора ва Мамедов Владислав – 6 миллион сӯмӣ;
Ҷои 5-ум Гришина Вероника ва Фадеев Евгений – 5 миллион сӯмиро ба даст оварданд.
Пас аз ба поён расидани ниммарафон дар байни варзишгарони вилоятҳову хориҷӣ ва ҳаваскорон низ давоми ниммарафон гузаронида шуд. Ташкилотчиёни марафон низ ба масофаи 2 километр бо ҳавасмандон давиданд.
– «Samarkand Half Marathon» бренди нави Самарқанд мешавад, – гуфт сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов. – Дар марафон аз тамоми гӯшаҳои дунё шахсоне, ки ба тарзи маҷозӣ (онлайн) иштирок мекунанд, худро қалбан дар Самарқанд эҳсос мекунанд. Ҳамаи маблағҳои аз ниммарафон ба даст омада барои сохти мактабҳои махсус ба бачаҳои гирифтори бемории аутизм сарф карда мешавад ва дар он ҷо онҳо қобилияти худро такмил медиҳанд.
Мо бояд ёдовар шавем, ки фармони махсуси президентамон дар бораи сохтани платформаи электронӣ чашмдоштҳои зиёдеро дар бар дорад. Тавассути он ҳар як шаҳрванд метавонад дар он аз рӯйихат гузарад ва рӯзе барои гузоштани 10 ҳазор қадам ба ҳамёни электрониаш 3000 сӯм кор кунад. Ин ба ҳар ҳол дар ин рӯзҳои пандемия ба шаҳрвандон кӯмак мешавад ва оилаи иборат аз чор кас дар як моҳ ҳеч набошад барои хараҷотҳои коммуналӣ аз он истифода мебаранд.
Ҳамидова Ситора гуфт, ки дар ин ниммарафон рекорди худро нав кардааст. Ӯ ба марра дар як соату 11 дақиқаву 58 сония расида аст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ