Бунёди дастгирии экспорт ташкил карда шуд

Бо мақсади таъмин кардани эътидоли макроиқтисодӣ дар даври кунунии рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ аз тариқи зиёд кардани ҳаҷми содирот (экспорт), рағбатноксозии иловагии молиявӣ ва ташкилии расондадиҳандагони маҳсулоти тайёр, ҳамчунин иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатӣ доир ба татбиқ намудани Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъд вусъат додани дасгирии молиявии фаъолияти содиротӣ» имзо гардид.
Мувофиқи он:
Ба содиротгарон, Бунёди давлатӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати то 1-уми январи соли 2022:
а) ҷубронпулӣ бинобар кредитҳое, ки барои бо маблағтаъминкунии пешазсодиротӣ ҷудо карда мешаванд, аз ҷумла маблағҳои муомилавӣ, новобаста аз миқдори фоиз ва ҳаҷми кредитҳое, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳаҷми:
 то 50 фоизи хароҷоти фоизӣ бинобар кредитҳо дар асъори миллӣ, вале на бештар аз 10 зинаи фоизӣ;
 то 50 фоизи хароҷоти фоизӣ бинобар кредитҳо дар асъори хориҷӣ, вале на бештар аз 5 зинаи фоизӣ муқаррар кардаанд;
 пешниҳоди кафолат бинобар кредити бонкҳои тиҷоратӣ, ки барои бомаблағтаъминкунии пешазсодиротӣ, аз ҷумла маблағҳои муомилавӣ, дар ҳаҷми то 50 фоиз аз миқдори кредит, вале на бештар аз 8 миллиард сӯм ҷудо мекунад;
 ҷубронпулӣ ва (ё худ) кафолат бинобар кредитҳои барилова ҷудокардашуда барои бомаблағтаъминкунии пешазсодиротӣ, аз ҷумла маблағҳои муомилавӣ дар ҳаҷм ва шартҳое, ки боби мазкур новобаста аз мавҷуд будани қарз бинобар кредитҳои пешина, бо шарти мавҷудияти ҳуҷҷати мусбати вомӣ пешниҳод мекунад;
бинобар кафолати пешниҳодшуда дар ҳаҷми ду баробар кам пули комиссионӣ меситонад.
 Мувофиқи фармон ба зиммаи Оҷонсии пешбурди содироти назди Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ як қатор вазифаҳои иловагӣ гузош­та шуданд.
 Дар назди Оҷонсӣ бидуни таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ба мақсади татбиқ намудани вазифаҳое, ки барилова ба зиммаи Оҷонсӣ гузошта шудаанд, Бунёди дастгирии содирот ташкил карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ