Баргҳоро насӯзонед!

Ҳар як фасл ҳусну таровати хос дорад. Фасли тирамоҳ низ аз фаслҳои беҳтарини сол ба шумор меравад. Баргҳои дарахтон зард гашта, аз камқувватӣ ба замин мерезанд. Беҷиз ин фаслро «тирамоҳи заррин», «фасли тиллоӣ» нагӯянд.
Баробари рехтани барги дарахтон дар баъзе кӯчаҳои шаҳр ҳолатҳои сӯзондан ва ҷамъ карда, дар ҷӯйборҳо партофтани хазонҳо ба назар мерасад, ки ин амали нодуруст аст. Сабаб он, ки баробари сӯхтани баргҳо дуди ғализи он, газҳо ба ҳаво паҳн мегардад. Вақте ки инсон аз ин дуд нафас мекашад, он ба бемориҳои астма, роҳи нафаскашӣ, сустшавии дил оварда расониданаш мумкин. Барги дарахт чунин хусусият дорад, ки гази карбонатро ба худ гирифта, гази оксиген хориҷ мекунад. Яъне газҳои заҳролуд, чиркин ва гардолудро ба худ кашида, ҳавои тоза хориҷ мекунад. Дар натиҷаи сӯзонидан гардҳои таркиби вай бухор шуда, ҳаворо заҳролуд месозад.
Ҳоло фасли хазонрез асту хуб мешуд, ки онро насӯзонанд. Беҳтараш онро ба заминҳои корам бурда резанд. Пештар, барги дарахтонро ба замин мерехтанд, ки ҳосилнокии замин соли оянда хубтар шавад. Онро ба ҷойи пору кор мефармуданд. Ба наздикӣ дар саҳифаҳои Фейсбук бо фаъолияти тадбиркоре шинос шудам, ки вай аз барги дарахти тут даромади калон ба даст овардааст. Ин ҳам як намуди истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ лозим меояд, ки ба қонунҳои табиат оқилона риоя намоем, чунки ҳавои тоза барои ҳаёти инсон ва насли оянда хеле муҳим аст.
Ҳангоми сӯзонидани хазон ҳар хел моддаҳои зарарнок баромада, ба саломатии инсон ва муҳит таъсири худро мерасонад. Масалан, дар натиҷаи сӯтани 1 тонна хазон 30 килограмм CO ва дигар моддаҳои зарарнок ҳосил мешавад.
Бино ба кодекси ҷавобгарии маъмурӣ дар байни аҳолӣ ва даштҳо аз ҷумлаи сӯхтани хазон, алафҳои хушк, шоху баргҳо, вайрон кардани ҳавои атмосфера бо моддаҳои зарарнок ҷарима пешбинӣ шудааст:
– Ба шаҳрвандони одӣ ба миқдори аз 669 ҳазор то 1,1 миллион сӯм;
– Ба шахсони мансабдор аз 1,1 миллион то 2,2 миллион сӯм ҷарима ситонида мешавад.

Н.БОБОАҲМЕДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ