Соли серташвиш ва пур аз санҷиш

Ҷавоби тест мусбӣ буд…
Як нафар ҳамдеҳаам, ки аз беъэтиборӣ ба коронавирус мубтало шуда, дар Маркази тақсимотии Боғишамоли шаҳри Самарқанд даво ёфтааст, ба ман дар ин бобат нақл кард:
«Ман ҳамеша ба қоидаҳои гигиенӣ риоя мекардам. Аз ин рӯ, умед доштам, ки ба ман инфексия сироят намекунад. Баъди сабуктар карда шудани қои­даҳои давраи пандемия фаъолияти корхонаамон оғоз гардид. Ба кор бо автобус рафтуо мекардам. Дар ҷойҳои серодам: бозор, маъракаи таъзия, тӯй, ошхонаҳо бештар (аввалҳо маҳсулотро танҳо аз дӯконҳои маҳаллаамон харид мекардам) мерафтагӣ шудам. Нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар танам аломатҳои шамолхӯрӣ ба назар расид. Аз дорухона бар зидди зуком дору харида, аз ҳамсояамон – ­ҳамшираи тиббӣ хоҳиши ба ман «укол» карданро пурсидам. Ӯ гуфт, ки дар давраи пандемия бе коғази духтур сӯзандору карданро манъ кардаанд. Ба поликлиникаи оилавии ҳудудамон рафта, дар қабули мудири он шудам. Ӯ аҳволи маро санҷида, барои даво сӯзандору ва ду-­се хел ҳабдору фармуд. Муолиҷаро сар кардам. Аммо якчанд рӯз гузашта бошад ҳам, ки сӯзандору таъсир намекард. Дар ман воҳимаи сирояти коронавирус пайдо шуд. Зеро акнун бештар месулфидам. Назди духтур рафта, таъсир накардани доруҳоро фаҳмондам. Мудир фавран ба дастам барои тести коронавирус роҳхат дода, манзилашро гуфт. Вақтро нагузаронида, ба он ҷой ҳозир шудам. Ба кассаи фирмаи тиббӣ пули хизматашонро додам. Ҳамшираи тиббӣ ба раги артерияи дастам сӯзан халонда, хун гирифт ва баъди чор соат тайёр шудани ҷавобашро гуфт. То гузаштани ин соатҳо аз сари ман фикрҳои гуногун гузашт.
Варақаи тестро гирифта, ба дасти духтур додам ва аз гуфти вай фаҳмидам, ки дар танам ба миқдори фоизи кам вирус даромадааст. Баъди шунидани хабари нохуши духтур ман ғамгин шудам. Суоли «Ман кай ва аз куҷо гирифтори инфексия шудам?» безобита мекард. Он вақт мақсади ягонаи ман ҳар чӣ зудтар аз вирус фориғ шудан буд.
Дасти шифокорон дард набинад
Аз назди фирмаи тиббӣ бо таксӣ рост ба поликлиникаи оилавӣ омада, мудирро наёфтам ва ба қабули духтур – терапевт даромада, хабари барои ман ва оилаю коргоҳ нохушро гуфтам. Духтур маро дилбардорӣ карда гуфт, ки саҳарии рӯзи дигар наз­ди мудир оям ва курси давои бемории хавфнокро оғоз кунам. Аз он ҷо баромада, ба хона рафтам. Баробари ба ҳавлӣ даромадан ба аҳли оила фаҳмондам, ки ба ман наздик нашаванд. Бегоҳирӯзӣ бо аҳли оила фаҳмидем, ки дар якчанд бемористонҳои шаҳр беморони коронавирусро табобат мекунанд. Як ҷӯраи таксичии писарам бемореро ба он ҷо бурда будааст. Писарам бо маслиҳати ӯ либоси махсусро пӯшида, маро ба онҷо бурд. Вақте ки ба даромадгоҳи Маркази тақсимоти Боғишамоли шаҳри Самарқанд наздик шудем, дар он ҷо одамони зиёд буданд. Писарам ба ду нафар формапӯш фаҳмонд, ки беморро овардааст. Онҳо гуфтанд, ки аз дарвозаи беморхона дарунтар даромада, бемор, яъне маро ба мошини ёрии таъҷилии тиббӣ савор кунаду худ барояд. Дарун даромадему мошини таъҷилӣ маро назди қабулхонаи марказ бурд. Даруни бино даромадам. Онҷо беш аз бист нафар ба қабули духтур навбат мепоиданд. Аксари онҳо сахт – сахт, аз ман бадтар сулфа мекарданд. Аз сарам фикри «Агар вақтро мегузарондам аҳволи ман ҳам ҳамин хел мешуд» гузашт. Баъди як соат навбатам омад. Духтур табамро чен карда, шушҳоямро гӯш карда, ба рентген фиристод. Рентген карданду баъди 15 дақиқа ҷавобашро бароварда доданд. Духтур гуфт, ки бемории шумо сабуктар будасту дар хона табобат гиред ҳам мешавад. Ман ба вай фаҳмондам, ки дар хонадон одаме, ки ба ман нигоҳубин кунад нест. Гуфтам, ки агар ба беморхона қабул накунед, аз ин ҷо берун намеравам. Ҳамин вақт сулфаам шиддат гирифту нафасгириам мушкилтар гардид. Духтур суолҳо дода, чизҳоеро навишт. Варақаро ба дастам дода, назди регистратураи қабулхона фиристод. Дар он ҷо ҳамшираҳо аз ангушти дасти ростам хун гирифтанд. Ба рӯйхати шӯъбаи саввуми беморхона дароварданд. Варақаи пуркардаро ба дасти ихтиёрӣ доданд. Вай маро ба манеж (маркази тақсимот) бурда, ҳуҷҷатамро ба дасти як ҳамшира дод. Ба ман аз палатае ҷой доданд. Баъди гузаштани як соат духтури навбатчӣ наздам омада, маро дилбардорӣ кард. Ба қоидаҳои дохилии табобатгоҳ риоя карданамро фаҳмонда дод. Баъди санҷидани табъи бадан ва гӯш кардани шушҳо ва дидани ҷавобҳои тесту рентген ба варақаи аввали картаи тиббиам тартиби муолиҷаро навишт. Баъди якчанд дақиқа ҳамшираҳои тиббӣ табобати интенсивиро оғоз карданд. Дар марказ кор дар се баст ташкил шуда буд. Шифокору ҳамшираи пуртаҷриба ва дигар хизматчиёни марказ борои ба зудӣ шифо ёфтани беморон меҳнат мекарданд. Ҳамшираҳо барои таҳлил хуну пешоб гирифтанд. ЭКГ карданд. Дар ҳар баст ҳамшираҳо бо нишондоди духтур ба беморон аз думба, гирди ноф ва раги хун сӯзандору мекарданд. Шаби аввал бо ускунаи нафасдиҳии замонавӣ нафас гирифтанро тавсия карданд. Рӯзи дуюм табъи баданам мӯътадил гардида, сулфаам нест шуд. Ҳар рӯз духтури ҳар як баст бо бемор сӯҳбат карда, аз ҳоли онҳо бохабар мешуданд. Аз рӯйи табобат тавсияҳои зарурӣ медоданд. Беморонро дар шабонарӯз 3–4 маротиба бо хӯроки гарм таъмин мекарданд. Дасти шифокорон дардро набинад. Ман баъди як ҳафта аз дард фориғ шуда, ба хона баргаштам. Ба ғамхории ҳукумат ташаккур. Ба шифокорон, ки имрӯзҳо қаҳрамонона меҳнат мекунанд, миннатдории хешро баён мекунам».
Ҳоло олимони тамоми дунё барои ёфтани роҳи самараноки табобати ин беморӣ мекӯшанд. Дар чанд мамлакати дунё ваксинаи зидди коронавирусро ихтироъ карданд. Мутахассисони тиб аз мо иҷрои кори бисёрро талаб намекунанд. Мо бояд ба нишондодҳои онҳо амал кунем.

Ҷ.ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ